Левакант: Заминро бояд самаранок истифода бурд

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Муовини аввали раиси шаҳри Левакант-Кабирзода Неъматулло, мудири бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр-Қаландарзода Мирзоалӣ ва мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Расулов Меҳтоҷалӣ имрӯз дар масъалаи обтаъминкунӣ ва оқилона истифода бурдани замин бо сокинони деҳаи Оқ-газаи ҷамоати деҳоти "Гулистон" суҳбат-вохӯрӣ гузарониданд.

Ҳамзамон масъулин аз вазъи обтаъминкунии насосҳои обкаш ва заминҳои кишт бозбинӣ намуданд. Инчунин ба сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти самаранокистифодабарии замин ва рӯёнидани 2-3 ҳосил аз як замину захираи дусола тавсияҳо доданд.