ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБИЁН ТАҲТИ УНВОНИ “ОБОДИИ ДИЁР МАРОМИ МОСТ!” БАРГУЗОР ГАРДИД

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тавре огаҳӣ дорем, барои сазовору арзанда истиқбол гирифтани 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявии “Ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” таъсис ёфт. Дар маҷлиси нахустини ситод масъалаи сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии ҳизб баррасӣ гардида, ҳамзамон, нақшаи баргузории чорабиниҳо бахшида ба ин санаи муборак таҳия гардидааст. Дар баробари баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ, илмӣ, ободонию бунёдкорӣ ва созандагиҳо, дар банди 45-уми нақша омадааст: “Роҳандозии аксияи “30 ҳафтаи пурсамар” ва дар доираи он гузарондани ҳашарҳо ва вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ бо иштироки аъзои ҳизб”.

Дар ҳамин асос имрӯз нахустин шуда кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ба ҳашари ободонӣ баромаданд. Онҳо ба тозаю озода кардани бинои маъмурӣ ва гулзору маъмур гардондани саҳн ва гирду атрофи биноҳо камар бастанд. Атрофи биною роҳравҳоро нарму мулоим, гулзори аз алафҳои бегона тоза карда шуд. Тасмим гирифта шудааст, ки минбаъд аксияи “30 ҳафтаи пурсамар” дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ роҳандозӣ гардида, ҷашни 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо анҷом додани чораю тадбирҳои дар нақша нишондода сазовору арзанда истиқбол гирифта мешавад.