ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБИЁН ДАР ТАЪМИРУ ТАРМИМИ РОҲҲОИ МАҲАЛЛӢ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” дар доираи нақша-чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳсозон” дар деҳаи Вахш-и ҷамоати деҳоти Ваҳдати  шаҳри Левакант корҳои ободони  созандагӣ баҳри сазовор таҷлил намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барқарорсозии роҳҳои маҳаллӣ бо маром идома дорад.

Бунёди роҳҳои нав ва таъмиру таҷдиди роҳҳои мавҷуда таваҷҷуҳи хоса ва доимӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Ин амали созандагиву бунёдкорӣ дар деҳаи Вахш ҷамоати Ваҳдат, боиси хушҳолии хурду калон гардида, намунаи ибрати дигарон хоҳад шуд.