ИҚДОМИ СОКИНОНИ МАҲАЛ БАХШИДА БА РӮЗИ КӮДАКОН

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар пайи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикитсон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба қишри ниёзманди аҳолӣ бештар гаштааст.

Имрӯз 31-уми май, бахшида ба “Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакаон”, ки ҳамасола 1-июн баргузор мегардад, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Оқгаза”-и ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант-Астанақул Гулаев ва аъзои фаъоли маҳалла-Абдусаттор Раҷабов ба аёдати кӯдакони имконияти маҳдудидоштаи маҳалла рафта, аз ҳолу аҳволашон бохабар гаштанд. Ҳамчунин аз номи сокинони деҳа ба кӯдакони имконияти маҳдудидошта, кумакпулию туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда, падару модар ва худи кӯдаконро ба ҳаёт дилгарм карда, руҳбаланд намуданд.

Ба иттилои масъулини маҳалла ин иқдом фардо низ аз ҷониби шахсони хайрхоҳ ва фаъолони деҳа идома хоҳад ёфт.