ТАШАББУСИ ҲИЗБИИ "МАКТАБИ МАН" ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи ташаббуси ҳизбии “Мактаби ман!”  дар Литсейи давлатии №2-и шаҳри Левакант вохӯрӣ бо иштироки хонандагоне, ки соли 2015 ва 2016 литсейро хатм намудаанд, баргузор карда шуд. Мақсад аз баргузории ин ташаббус ҷалби хатмкардагони муассиса ва шахсони саховатпеша барои амалисозии корҳои ободонию созандагӣ ва дастгирии техникии муассисаи таълимӣ арзёбӣ мегардад.

Бо иштироки директори Литсейи давлатии №2-и шаҳри Левакант Неъматуллоева Бахтиниссо чунин ташаббус баргузор карда шуд.

Ҳангоми суҳбат вобаста ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон, ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд. Ҳамчунин, дастпарварони муассисаи мазкур аз ҳолати имрӯзаи бинои муассиса дидан карда, дар назди худ мақсад гузоштанд, ки дар таъмири синфхонаҳо, қисми берунии бинои муассиса саҳмгузорӣ хоҳанд кард.