ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ҲИЗБӢ БА МАЪЮБОН

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо дастуру супориши Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибтидо аз моҳи январи соли 2022 барои  маъюбони  бистарӣ нафақаи ҳизбӣ ҷорӣ гардида, ки ҳар моҳ аз ҷониби КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант ба ду нафар маъюб нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ супорида мешавад.

Бо ин мақсад имрӯз масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант  ба як нафар маъюб Бобоев Бобомурод сокини ҷамоати деҳоти Гулистон, деҳаи  Хуррамдеҳ, ба маблағи 1000 сомонӣ барои  моҳҳои феврал ва март нафақаи ҳизбӣ супорида шуд.  

Ҳамзамон Бобоев Бобомурод барои чунин як дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хос нисбат ба шахсони маъюб миннатдории худро алалхусус, ба Пешвои муаззами миллат Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошт.