ИҚДОМИ ХАЙРХОҲОНАИ ВАКИЛОНИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ФИТР БА САРБОЗОНИ ВАТАН

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи сиёсати хирадмандона ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати қишри ниёзманди ҷомеа. Дар пайгирӣ аз сиёсати имрӯзаи Ҳукумати кишвар аъзоёни Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони шаҳри Левакант оид ба қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо коррупсия ва одоби вакилон тасмим гирифтанд, ки дар арафаи иди Саиди Фитр ба сарбозе, ки дар ҳимояи марзу буми Ватан захмдор гардида буд, Файзалиев Муҳаммад дар шаҳри Левакант аёдат ва кӯмаки молиявӣ расонанд.

Бо иштироки раиси комиссия-Олимзода Низора, муовини раиси комиссия-Султонов Фарух, Авғонова Мастона-аъзои комиссия, Раҷабова Момаҷон-аъзои комиссия ба аёдат ва дидорбинии Қарахонов Диловар ташриф оварданд. Вакилон аз ҳолу аҳволи ӯ хабардор гардида, ба ӯ кӯмаки молиявӣ расониданд.