РАСОНИДАНИ КУМАКҲО БА ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТУ ЯТИМОН БАХШИДА БА ИДИ САИДИ ФИТР ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пайравони Сино”-и шаҳри Левакант бахшида ба иди саиди Фитр ба бархе аз оилаҳои ниёзманди шаҳри Левакант кумакҳои яквақтаинаи ғизоӣ расонида шуд.

Дастгирии ниёзмандон ва расонидани кумак ба оилаҳои камбизоат шарафу нангу ори миллат буда, аз ҷониби Роҳбари давлат дастгирии ҳамаҷонибаи худро ёфтааст.