Левакант: Барқарорнамоии роҳҳои зарардида

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Субҳи имрӯз дар асоси супориши раиси шаҳри Левакант Файзиддинзода Бунафша гурӯҳи кории Мақомот иборат аз  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант,  шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо, сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ  дар кӯчаи Рӯдакӣ оиди корҳои ободонию созандагӣ ва сабзкорӣ, рангубор намудани гирду атрофҳои манзилҳои истикоматӣ, тоза намудани ҷӯйборҳои обгузар, рангубор ва тоза намудани дарахтон, риояи маданияти шаҳрдорӣ, шиношидани дарахтон ва гулҳои ҳамешасабз дар гирду атрофи манзилҳои истиқоматӣ ва корхонаю идораҳо бо сокинон фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Аз тарафи гурӯҳи корӣ ба ҳар як корхонаву идораҳо гуфта шуд, ки тозагию ободониро аз дари хонаи худ сар карда, саҳми худро дар ободонии шаҳр гузоранд.