РАФТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲР БО ИШТИРОКИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи супориши Раиси шаҳри Левакант муҳтарам Файзиддинзода Бунафша ва нақшаи вобастгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии роҳбари гурӯҳ, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Расулов Меҳтоҷалӣ дар ҳамбастагӣ яке аз аъзоёни гурӯҳ кормандони шуғли аҳолии дар кӯчаи Рӯдакии шаҳр корҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбату вохӯриро бо сокинон ҷиҳати бурдани корҳои ободонию созандагӣ, рангубор намудани гирду атрофҳои манзилҳои истиқоматӣ, тоза намудани ҷӯйборҳои обгузар, рангубор ва тоза намудани дарахтон, риояи маданияти шаҳрдорӣ, шиношидани дарахтон ва гулҳои ҳамешасабз дар гирду атрофи манзилҳои истиқоматӣ ба роҳ монданд. Ҳамзамон, кормандони Муассисаи давлатии таълимии “ЛКСК”-и шаҳр дастаҷамъона гирду атрофи муассисаро аз алафҳои бегона тоза намудаанд.