"РӮЗИ ЁДОВАРӢ" ДАР ЛЕВАКАНТ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар оромгоҳи деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Гулистон Аксияи ҳизбии зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” доир карда шуд.

Дар Аксияи мазкур кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, имомхатиби шаҳр, раиси маҳалла, волонтёрони ҳизбӣ ва зиёда аз 20 нафар сокинони деҳаи мазкур дар фазои тинҷу ороми кишвар ва бо як ҳисси баланди ободкориву созандагӣ ба ҳашари дастаҷамъона  баромада,   дохил ва атрофи оромгоҳро аз ҳар гуна партову алафҳои худрӯйи хӯшкшуда тоза ва бехи дарахтонро нарм намуда, саҳми арзандаи худро гузоштанад.

Ёдовар мешавем, ки ин чорабинӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи оромгоҳҳо зери унвони “Рӯзӣ ёдовари” дар оянда низ аз ҷониби масъулин дар дигар оромгоҳҳои шаҳр ташкил ва гузаронида мешавад.