ЛЕВАКАНТ: ОБОДИИ ДИЁР АЗ ҲАДАФҲОИ БАРНОМАВИИ ҲХДТ САРЧАШМА МЕГИРАД!

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси аъзоёни фаъоли  ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “НАВОБОД”-и ҷамоати деҳоти Ваҳдат як адад трансформатор ва симчӯбҳо насб карда шуд.

Ин тақвият ба он аст, ки аъзоёни фаъоли деҳаи мазкур аз як гиребон сар бароварда, барои пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми худро гузошта истодаанд.

Ҳамзамон зиёда аз 55-оила соҳиби симчӯбҳои нави замонавӣ ва трансформатор гардиданд, ки ин дар самти ободу зебо гаштани шаҳри Левакант хуб арзёбӣ мегардад.