НИЁЗМАНДОН ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД!

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар пайравӣ аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чун анъана дар арафаи иду ҷашнҳо ба шахсони маъюбу ниёзманд кумакҳои молию моддӣ расонида мешавад.

Бо дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Левакант  ба як  нафар маъюб нафақаи хизбӣ ба маблағи 500  сомонӣ кумак расонид.

Бо ин мақсад санаи 18 марти соли ҷорӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ба дидорбинии як нафар маъюби гурӯҳи 1-ум Шоев Файзиддин сокини ҷамоати деҳоти Ваҳдати деҳаи Зағертут рафта, ба ӯ нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 1500 сомонӣ кумак намуданд.

Минбаъд низ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ин иқдоми нек ҳар охири моҳ идома хоҳанд дод.