ЛЕВАКАНТ: САРБОЗОН ДАР ТАВАҶУҲИ ҲАМЕШАГИИ ҲҲДТ КАРОР ДОРАНД.

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”-и шаҳри Левакант вобаста ба иҷрои Барқияи Кумитаи Марказии Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон аз 09.12.2022, №36 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии модди ва маънавии афсарону сарбозоне, ки ба ҳифзу ҳимояи модар- Ватан хизмат кардаистодаанд расонидани кумакҳои модди. аз қабили Орд, Картошка, Пиёз, Равған, Шири хушк, Макарон ва Шакар нону кулчаҳои равғани расонида шуд. Бо ташабуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” якҷояги бо аъзоёну ҷонибдорони фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар ин росто бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Левакант муҳтарам Файзиддинзода Бунафша дар арафаи таҷлили Соли нави мелоди ба қисми низомии ҳарбии 07017 дар ноҳияи Кушониён буда кумаки як вақтаина хурока расонида шуд.