ДИЛЕРО ШОД НАМУДАН- АМАЛИ САВОБ АСТ!

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар тақвияти дастуру ҳидоятҳои ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Масуълини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар ягҷояги бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии КДФ “БММҒ”-и шаҳри Левакант дар арафаи ҷашни  “Соли нави мелоди 2023" аз тарафи масьулини ташкилоти ибтидоии КДФ “БММҒ” ба оилаҳои ниёзманд, маъюбон, шахсони яккаву танҳо маводҳои хӯрокворӣ, аз қабилӣ; орд, равган, бринҷ, шакар, макарон ба Сафаров М-деҳаи Хурамдеҳ ҷамоати деҳоти Гулистон, Ҳусейнов А-деҳаи Хурамдеҳ ҷамоати деҳоти Гулистон, Саидов М-деҳаи Зағертут ҷамоати деҳоти Ваҳдат, Анваров М-кучаи Н. Хусрав шаҳрак, Раҳмонов Х-кучаи Борбад шаҳрак кумак расонида шуд. Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии КДФ “БММҒ” Мусулмонов З- қайд намуд, ки дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои инсондӯстона ва хайрхоҳонаи Пешвои миллат чун анъана дар рӯзҳои охири сол ва фарорасии соли нави мелодӣ аз ҷумлаи ятимони кул, маъюбон, шахсони яккаву танҳо, дардмандону бепарасторон, оилаҳои ниёзманд бояд тазаккур дод, ки дасти кумак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд аз хислатҳои неки инсонист. Дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои рӯзафзун нисбат ба ятимону маъюбон, бепарасторон, дардмандону оилаҳои эҳтиёҷманд дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз амалҳои хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Гуфта шуд, ки ин ташаббус дар рӯзҳои дигар низ аз тарафи масьулини ташкилотҳои ҳизбӣ ва хоҷагидорон ба оилаҳои ниёзманди ҷамоат идома меёбад. Шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант