Суҳбату вохуриҳо дар мавзъӯи "Паём-ҷавонон ва манфиатҳои миллӣ"

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакнат суҳбату вохуриҳо дар мавзӯъи "Паём-ҷавонон ва манфиатҳои миллӣ" бо сокинони ҷамоати “Ваҳдат” деҳаи Вахш-и шаҳри Левакант ва падару модарон доир гардид. Дар вохӯрии мазкур Расулов Меҳтоҷалӣ-мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷрояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант бо сокинон вобаста ба моҳияти Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирӣ аз ҳама гуна амалҳои номатлубу кирдорҳои ба ҷамъият хавфнок андешаронӣ намуд. Ҳамчунин намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ба сокинони деҳаи мазкур вобаста ба масъалаҳои пешгирӣ аз терроризму экстремизм, хурофотпарастӣ, нашъамандӣ, коррупсия, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, ва даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои фаҳмондадиҳи гузаронида шуд.

Шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант