ТАЪМИРИ РОҲҲОИ МАҲАЛЛӢ АЗ ТАРАФИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "РОҲСОЗОН"

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Роҳсозон"-и шаҳри Левакант, ҷиҳати таъмини мунтазами ҳаракати роҳу нақлиёт, роҳҳои маҳалиро барои зимистону баҳори соли 2022-2023 таъмир карда истодаанд. Роҳи деҳаи Зағертути ҷамоати деҳоти «Ваҳдат», ки 2-соли қабл сохта шуда буд, дар пайи боришот ва селфароӣ қубурҳои калони зери роҳ каме аз лоиқа пур шуда, барои вайроншавии роҳ хатар эҷод мекард, аз тарафи ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Роҳсозон"-и шаҳри Левакант, бо техникаҳо пурра тоза карда шуда, бехатарии роҳҳо бошад таъмин гардиданд.Ба иттилои масъулин, чунин корҳои ободонию тозакунии роҳҳо аз тарафи муассисаи мазкур пайваста идома дошта, кушиш менамоянд, ки роҳҳои маҳалӣ ва аҳамияти ҷумҳуриявию байналмилалидоштаии дар тавозуни муассисабударо дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доранд.