АМАЛИЁТИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ” ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» санаи 29 октябри соли ҷорӣ дар оромгоҳи деҳаи Боҳтурободи ҷамоати деҳоти Гулистон дар ҳамбастаги бо бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои МИҲД-и шаҳр гузаронида шуд.

Дар Аксияи мазкур кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои МИҲД-и шаҳр, намояндаи ҷамоати деҳоти Гулистон, раисони маҳаллаҳо, 10 нафар волонтёри ҳизбӣ ва зиёда аз 43 нафар сокинони меҳнатдӯстӣ деҳаи номбурда иштирок намуда, саҳми худро дар ин аксия гузоштанд.

Зимни баргузории аксияи ҳизбӣ корҳои тозагӣ ва ободонӣ гузаронида шуд, ки дар он волонтёрон ва сокинон бехи дарахтонро аз хасу хошокҳо тоза карданд.

Ҳамзамон дар натиҷаи гузаронидани ҳашари умумӣ аз тарафи масъулин ба иштирокчиён муҳтаво ва ҳадафи аксияи мазкурро фаҳмонида, қайд гардид, ки онҳо метавонанд минбаъд низ ҳар моҳ чунин кори хайрро амалӣ намуда, рӯҳи гузаштагони худро шод намоянд.