БАРГУЗОРИИ СОАТИ СИЁСӢ ДАР ЛИТСЕЙИ №1

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 29-уми октябри соли 2022 тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар асоси амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Амалиёти "Соати сиёсӣ" дар литсейи №1-и шаҳри Бохтар дар мавзуъҳои “Нақши 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини тоҷикон” “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон”, “Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби сарбози ихтиёрӣ”, баргузор гардид.

Мақсад аз баргузор намудани Аммалиёти мазкур, ин тарбияи ватанпарастии наврасону ҷавонон дар рўҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, баланд бардоштани савияи дониши сиёсии хонандагон ва бедор намудани зиракии сиёсӣ онҳо мебошад.

Амалиёти мазкур ҳар охири моҳ бо иштироки омӯзгорони фаъол, байни донишҷуёни муассисаҳои олӣ, коллеҷҳо ва хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умуми гузаронида мешавад.