БАРГУЗОРИИ СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ №14

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи нақшаи Амалиёти муштарак Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маъориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 29 октябри соли 2022 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 Соати сиёсӣ баргузор гардид.

Амалиёти “Соати сиёсӣ” дар мавзуъҳои зерин доир карда шуд. Нақши Иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини тоҷикон, Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон, Тарбияи ҳарбии – ватандӯстии ҷавонон ва аҳамиятнокии Раҳнамо барои ҷалби сарбози ихтиёрӣ. Дар ҷараёни “Соати сиёсӣ” ба сифати маърӯзачӣ намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, омӯзгорони соҳибтаҷриба, собиқадорони риштаи ҷомеашиносӣ, директори муассисаи номбурда иштирок доштанд.

Зимни суҳбат Расулов Меҳтоҷалӣ-мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант қайд намуд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи кишвари соҳибистиқлол ҳамчун воқеаи бузурги сиёсӣ мақоми махсусро ишғол менамояд. Маҳз он давлати моро аз вартаи ҳалокат наҷот дода, пояҳои давлати тозабунёди тоҷиконро тақким бахшид. Бо ин иҷлосия дар таърихи навини халқи тоҷик марҳилаи нави давлатсозӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ оғоз ёфт, ки то имрӯз идома меёбад. Ҳамаи дастовардҳои назарраси даврони истиқлолият бо ин иҷлосияи сарнавиштсози таърихӣ иртиботи қавӣ дорад.

Дар идома “Соати сиёсӣ” дигар баромадкунандагон оид ба Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон, Тарбияи ҳарбии – ватандӯстии ҷавонон ва аҳамиятнокии Раҳнамо барои ҷалби сарбози ихтиёрӣ ба хонандагон маърӯза намуданд.