“АЛБОМ-ЭСТАФЕТА” БА ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ РАСИД

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Субҳи имрӯз Аксияи ҷумҳуриявии “Албом-Эстафета” таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои миллат” аз ноҳияи Фархор ба шаҳри Левакант расид. Дар даромадгоҳи шаҳр намояндагони касбу кори гуногун бо суруду тарона истиқбол гирифтанд.

Бояд ёдовар шуд, ки Дилбар Раҳматуллозода- муовини раиси ноҳияи Фархор ва Муҳаммад Вализода- раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор “Албом-Эстафета”-ро ба муовини раиси шаҳри Левакант Неъматулло Кабирзода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левкант Низора Олимзода супориданд.

Пас аз қабули “Албом-Эстафета” дар маркази шаҳри Левакант бо иштироки беш аз 900 нафар ҷавонону наврасон ва намояндагони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ бо шиору овезаҳои гуногун, ки тараннумкунандаи “30-соли созандагӣ бо Пешвои миллат” буданд, роҳпаймоӣ доир гардид.

Дар чорабинӣ меҳмонон ва иштирокчиён аз муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Левакант”, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳсил кардаанд, дидан намуданд.