АМАЛИЁТИ “МАКТАБИ МАН” БАРГУЗОР КАРДА ШУД.

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади ҳавасманд гардонидани шахсони хайрхоҳ ва саховатпеша барои татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф ва дастгирии техникии муассисаҳои таълимӣ ҳар се моҳ як маротиба вохӯрии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ зери унвони "Мактаби ман" баргузор карда мешавад.

Ин навбат дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45-и шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чунин ташаббус баргузор карда шуд, ки дар ин чорабинӣ омӯгорон ва хатмкунандагони собиқи муассиса иштирок намуда, азм карданд, ки дар ободонии муассисаи маҳалли худ саҳм мегузоранд.

Дар охир ба якчанд нафар аъзои нави ҲХДТ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.