ДАР ПАЙРАВӢ АЗ АМАЛҲОИ ХАЙРХОҲОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ғамхорӣ дар ҳаққи ятимон ва оилаҳои ниёзманд дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷонибдорӣ аз иқдомҳои хайрхоҳонаи роҳбарияти олии кишвар арзёбӣ мегардад, ки дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ аз ҷониби шаҳрвандони хайрхоҳи кишварамон амалӣ карда мешавад

Ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   аз тарафи  Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Гулрухсор Шарифзода туҳфаҳои соҳибкори ватандӯсту хайрхоҳ ба мактаб-интернати ёрирасони шаҳри Кӯлоб расонида шуд. Мавриди зикр аст, ки дар самти дастгирии моддию маънавии қишри осебпазири ҷомеа аз сиёсати Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамбастагӣ бо аъзову ҷонибдорони ҲХДТ мунтазам ниёзмандону оилаҳои камбизоатро ҳар сари вақт кӯмакҳои гуногун мерасонад

Дар ҳамин замина Шарифзода Гулрухсор-бо роҳбарият, омӯзгорон ва толибилмони муассисаи номбурда ҳамсуҳбат шуда, наврасонро ба хониши аъло ва дар оянда саҳмгузорӣ дар рушду нумӯи ватани азизи худ даъват намуданд.