ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ ДАР АМАЛ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Яке аз иқдомҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро ин сохтани иншоотҳои гигиенӣ бо усули дренажӣ ташкил медиҳад. Хушбахтона, ин ташаббуси мазкур аз ҷониби сокинон хуш пазируфта шуда, дар амал татбиқ шуда истодааст.

Сохтани иншоотҳои гигиенӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб бо усули дренажӣ аз рӯи дастурамал оид ба татбиқи амалиёти (Аксияи) сайёҳию омӯзишӣ ва ободонии ҳизбӣ идома дорад.