БАРГУЗОРИИ АМАЛИЁТИ "МАКТАБИ МАН"

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41-и шаҳри Кӯлоб амалиёти муштараки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-“Мактаби ман” баргузор карда шуд. Дар ин амалиёт хатмкунандагони солҳои гуногуни муассисаи номбурда иштирок намуданд.

Раиси ташкилоти ибтидоӣ ба сухан баромада, ҳозиринро ба фарорасии 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда ба муҳтавои ташаббуси ҳизбии “Мактаби ман” шинос намуд.

Бо итминону боварии комил гуфта метавонем, ки хатмкунандагони муассиса дар оянда дар ободии муассиса саҳмгузор мешаванд.