ВУСЪАТИ КОРҲОИ ТАЪМИРИВУ АЗНАВСОЗӢ ДАР ДОИРАИ ТАШАББУСИ “МАКТАБИ МАН”

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ташаббусҳои ҳизбӣ имрӯзҳо ҳамовозӣ пайдо карда, дар доираи онҳо корҳои созандагиву ободонӣ бомаром идома доранд. Дар доираи ташаббуси ҳизбии “Мактаби ман” дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ёрирасон” корҳои таъмириву азнавсозӣ рафта истодааст.

Аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ёрирасон” ба таври ҳашар саҳни бинои муассисаи худро аз сангҳову партовҳо тоза намуда, мумфарш намуда истодаанд. Ҳамзамон дар шафати роҳ гулҳи ороишиву мавсимӣ шинонда ба соли нави таҳсил омодагӣ мегиранд.