ОБОДИИ ВАТАН РИСОЛАТИ ҲИЗБИЁН АСТ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи нақшаи чоранибиҳо оид ба корҳои сохтмонию ободонӣ бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” бо саҳмгузории аъзову ҷонибдорони ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати тозаро касб намудаанд.
Дар заминаи ин, ҷиҳати баланд бардоштани меҳмондорӣ, шаҳрдорӣ ва мусоидат намудан баҳри зиндагии шоистаи мардум дар маҳаллаи Чармгарони поён мумфаршкунии роҳҳо дар масофаи 850 км ба анҷом дода шуд.
Инчунин, дар маҳаллаи ба номи А.Ҷомӣ чунин корҳои таъмириву ободонии роҳҳо рафта истодаанд, ки дар наздиктарин фурсат ин мушкилоти сокинони маҳаллаи мазкур ҳалли худро хоҳад ёфт.