ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ ДАР АМАЛИШАВИИ ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ САҲМ МЕГУЗОРАНД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо дар ҳошияи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум бо бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бо ҷалби нафарони саховатпеша ва фаъолону ҷонибдорони ҳизб корҳои муайяни созандиву ободонӣ ба анҷом расонида мешавад.

Бо ин ният аз ҷониби Мирзозода Хуршед – вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб як қатор корҳои неку созанда ба сомон дода шудааст. Ин навбат аз ҷониби вакили мардумӣ дар шоҳроҳи Кӯлоб – Ваҳдат – Душанбе ташнобҳои (ҳоҷатхонаҳои) замонавӣ сохта, ба истифодаи умум дода шуд.

Дар доираи имкониятҳо аз тарафи вакили ҳизбӣ дар назар аст, ки чунин ташаббусҳоро идома дода, баҳри ободии диёр саҳмашро бештар мегузорад.