ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИРО БО ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС ИСТИҚБОЛ ХОҲЕМ ГИРИФТ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯзҳо дар ҳудуди шаҳру деҳоти Кӯлоб корҳои созандагию ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дорад. Бо мақсади истиқболи сазовори ин ҷашни бузург кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб саҳни ҳавлии биноро таъмиру азнавсозӣ карда истодаанд. 

Маврид ба ёдоварист, ки фаъолони ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” бо ҳисси баланди ватандорӣ корҳои ободиниву созандагиро ба роҳ мондаанд. Ҳизбиён тасмим доранд, ки то ҷашнҳои бузурги таърихӣ дар ободу зебо гардонидани шаҳри Кӯлоб саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.