ҲХДТ – ҲИЗБЕ, КИ ҲАМЕША БО ХАЛҚ АСТ

Кӯлоб:  

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ, аз байн бурдани бегонапарастӣ, ҷалби ҷавонон ба хизматӣ ҳарбӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва гулшинонию сабзкорӣ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо", тарғиби либоспӯшии миллӣ ва саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкории мамлакат вохӯрӣ доир гардид.

Вобаста ба ин, бо роҳбарии муовини Раиси ҲХДТ Мавлон Хайринисо Юсуфӣ дар шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби намояндагони сохторҳои идеологии ҲХДТ чор гурӯҳи корӣ ташкил шуда, бо қишрҳои гуногуни ҷомеа суҳбатҳо роҳандозӣ гардонида шуд.

Санаи 7.06.2024 бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Ширинбекзода Садриддин, роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Технолог” Шоҳиён Алмосшоҳ, мудири шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Технолог” маҷлис баргузор намуданд.

          Мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти  Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Ширинбекзода Садриддин чунин нуқтаро қайд намуданд, ки ҷавононро зарур аст, ки аз амалҳои наҷибу ҷавонмардонаи Пешвои миллат дар роҳи инсондӯстӣ, хештаншиносӣ, ватанпарастӣ, ифтихор аз миллату давлат ва арзишҳои миллӣ доштанро омӯхта, онҳоро дар зиндагии ҳарӯзаи хеш истифода намоянд. Зеро ҷавонон баҳри рушди босуботи кишвар дар амалӣ намудани ҳадафҳои созанда кори басо бузургро иҷро мекунанд. Дар ин росто бори дигар исботи он мебошад, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони саодатмани кишвар боварию эътимоди қавӣ дошта, бо онҳо ифтихор менамояд.

         Барои ба ин боварию эътимоди Пешвои муаззами миллат сазовор гардидан, ҳар як ҷавони кишваро мебояд бо амалҳои нек, баҳри андӯхтани илмҳои муосир, донистани фанҳои дақиқ, аз ҷумла физика, математика, химия, астрономия, донистани техникаву технология ва забонҳои хориҷӣ аз қабили русию англисӣ чораҳои зарурӣ андешида, дар оянда ҳамчун донишманд ва мутахассиси арзанда дар раванди давлатдории навин мавқеи хосаро касб намояд.