ҲХДТ – АЗ ХАЛҚ ВА ДАР ХИЗМАТИ ХАЛҚ

Кӯлоб:  

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ, аз байн бурдани бегонапарастӣ, ҷалби ҷавонон ба хизматӣ ҳарбӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва гулшинонию сабзкорӣ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо", тарғиби либоспӯшии миллӣ ва саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкории мамлакат вохӯрӣ доир гардид.

Вобаста ба ин, бо роҳбарии муовини Раиси ҲХДТ Мавлон Хайринисо Юсуфӣ дар шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби намояндагони сохторҳои идеологии ҲХДТ чор гурӯҳи корӣ ташкил шуда, бо қишрҳои гуногуни ҷомеа суҳбатҳо роҳандозӣ гардонида шуд.

Санаи 7.06.2024 бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Ширинбекзода Садриддин, мудири шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Осорхона” маҷлис баргузор гардид.

Аз ҷониби мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти  Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Ширинбекзода Садриддин гуфта шуд, ки вазифаи имониву муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат аз шаҳрванди оддӣ то корманди баландпояи мақомоти давлатӣ таблиғи бедории миллӣ, зиракию хушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, густариши ғояҳои худогоҳиву худшиносӣ мебошад. Ҳамеша инсони соҳибақл миллату ватани худро азизу муътарбар медорад. Омӯзиши таърихи давлату давлатдорӣ ва омилҳои ахлоқӣ барои ҳувияту худшиносии миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти миллӣ мусоидат намуда, арзишҳои ахлоқӣ барои таҳаввулу ташаккули маърифати инсонӣ ва ба камолоти маънавӣ расидани он замина хоҳанд гузошт.