ИШТИРОК ДАР АКСИЯИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ   АКСИЯИ ҲИЗБӢ ЗЕРИ УНВОНИ “ҲХДТ - ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР”

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва дар асоси барқияи телефонӣ аз 06 марти соли 2024, №1/2-08 бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо бо баргузории аксияи ҳизбӣ зери унвони "ҲХДТ- ҳизби созандаву бунёдкор" санаи 6-уми июни соли 2024 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Омӯзгор»-и шаҳри Кӯлоб бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҳизб аксияи "ҲХДТ- ҳизби созандаву бунёдкор"  доир гардид.

Бояд қайд намуд, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар нақша гирифтааст, ки ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе дар тамоми ҳудуди шаҳр бо ҷалби аъзоёни ҳизб, аъзоёни ТҶҶ "Созандагони Ватан" ва дигар кормандони ташкилоту идораҳо корҳои ободониву созандагиро ташкил ва баргузор намоянд.