МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МТТҲС-И Ш. КӮЛОБ”

Кӯлоб:  

Дар ташкилоти ибтидоии “МТТҲС-И Ш. КӮЛОБ” бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ маҷлиси ҳисоботӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилот дар семоҳаи авали 2024 баргузор гардид. Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоӣ оғоз намуда, оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли сипаригардида гузориш дода, қайд намуд, ки сол то сол сафи аъзои ҲХДТ зиёд гашта истодааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки эътиқоду эътимоди сокинони кишвар ҳамарӯза нисбати ин ҳизби созандаву бунёдкор зиёд гардида истодааст. Дар соли сипаригардида масъулини ташкилоти ибтидоии «МТТҲС-И Ш. КӮЛОБ» дар чорабиниҳои сиёсии фаъолона ширкат варзиданд. Соли сипаригардида барои аъзо ва ҷонибдорони ҳизб бисёр соли таърихию санҷишӣ буд, ки мо дар якҷоягӣ тавонистем ба ҳадафҳои сиёсии худ ноил гардем. Баъд аз баррасии ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ аъзоёни фаъоли ташкилот ба сухан баромада, аз дастовардҳои сиёсии ин ҳизби бонуфуз ёдовар шуда, ҳисоботи раёсти ташкилоти ибтидоиро қаноатбахш арзёбӣ кард.

ШУЪБАИ ТАБЛИҒОТ, ИТТИЛООТ ВА МАТБУОТИ КИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ