ОМӮЗИШИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ “ГИМНАЗИЯ”

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи озмуни КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб таҳти унвони “Беҳтарин ташкилоти ибтидоии ҳизби дар соли 2024” гурӯҳи корӣ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Гимназия ”  дидан намуд.

Аз тарафи гурӯҳи корӣ ҳуҷҷатнигории ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ омӯзиш карда шуда, ба роҳбари ташкилоти мазкур дастур дода шуд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар муҳлати кутоҳтарин ислоҳ намоянд.

Инчунин, зимни омӯзиш масъалаҳои зерин баррасӣ шуданд: Танзими ҳаракати аъзои ҳизб, зиёд кардани сафи аъзои ҳизб ва саҳм гузоштан дар рушди фаъолияти ҲХДТ.

 

Шуъбаи таблиғот, иттиллот

ва матбуоти КИ ҲХДТ

дар шаҳри Кӯлоб