ЗАБОНДОНӢ-ҶАҲОНДОНИСТ.

Кӯлоб:  

Ташкил намудани маҳфилҳои илмӣ дар назди кафедраҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ яке аз роҳҳои ҷалб намудани донишҷӯён ба корҳои илмӣ, баланд бардоштани шавқи онҳо ба омӯзиши фанҳо ва омода намудани онҳо ба озмунҳои гуногуни фаннӣ ба шумор меравад. Дар назди кафедраи Забонҳои хориҷии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”чунин як маҳфил амал менамояд, ки фаъолияти он хеле назаррас мебошад. Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ то давраи соли 2030» аз 30-юми августи соли 2019, №438 дар таърихи рӯзи 25-уми апрели соли 2024 аз тарафи маҳфили "Клуби забони англисӣ" бахшида ба зодрӯзи нависандаи машҳури англис Уилям Шекспир мизи мудаввар гузаронида шуд.