ЧАНД НУКТА АТРОФИ ПАДИДАИ ТЕРРОРИЗМ

Кӯлоб: Вокуниш  

Терроризм ҳамчун ҳодисаи мудҳиш ба муқобили инкишофи сиёсии босубот таҳдид эҷод намуда, унсурҳои давлатдории муосирро маҳв месозад. Зеро терроризм бар зидди арзишҳои умумибашарӣ ба мисли истиқлолият, озодиҳои инсон, баробарӣ, адолат равона шудааст. Зиддиятҳо байни террор ва инкишофи сиёсии босубот ҳамеша мавҷуд мебошанд. Терроризм дар давраҳои пешин либоси дигар ба бар дошт ва чун забт намудани ҳудуде, поймол сохтани фарҳанги қавм аз ҷониби қавме баромад мекард.

Дар минтақаҳои гуногун террористон, пеш аз ҳама ба муқобили сохти давлатӣ ва меъёрҳои мавҷуда, ки дар бештари минтақаҳо ҷой доранд, баромад мекунанд. Хусусиятҳои пинҳонӣ доштани фаъолияти террористон, мавқеи муайяни субъективӣ надоштани онҳо боиси паҳншавии маълумоти мухталиф оид ба амалҳои ифротӣ мегарданд. Ин, ҳамчунин боиси ба вуҷуд омадани зиддият муқобили анъана, дин ва меъёрҳои мавҷудаи либералии ғарбӣ дар бештари кишварҳо мешавад, ки ба моҷароҳои пинҳонии байни ҳокимият ва ҷомеа табдил меёбад. Набудани нишонаҳои демократияи комил, ки онро модернизатсия ҷонибдорӣ менамояд, ба поймолгардии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, пайдо гардидани ҳолатҳои номатлуб, шахспарастии ҳокимон ва сиёсатмадорон замина мешавад. Дар ин асос ягон мақомоти байналхалқӣ ба рафти демократикунонӣ ва баҳодиҳоии ҳолати он таъсир расонида наметавонад. Бинобар ин, дар воқеъ кишварҳои рӯ ба инкишоф усули демократиро эълон дошта, ба талаботҳои он ҷавобгӯй нестанд ва бинобар зиддиятҳои пинҳонӣ бо амалҳои террористӣ иваз мегарданд.

Терроризм ҳамқадам бо ҷомеа доимо дар рушду инкишофи буда, бо мурури замон либоси нав пӯшидааст. Он хусусияти глобалиро соҳиб гашта, дар амалҳои ҷоҳилона истифодаи воситаҳои техникӣ ва иттилоотии навинро вазифаи худ медонад. Терроризми муосир аз ҳаракатҳои террористии пешин бо он фарқ дорад, ки он хусусияти муташаккилона ва аз ҷиҳати идеологӣ, хеле мукаммалгардидаро доро мебошад. Дар замони ҳозира омилҳои зиёде боиси пайдоиши терроризми ҷаҳонӣ гардидаанд.

Дар замони муосир, вақте ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҷонибдорӣ аз стандартҳои либералӣ ташаккул ёфта, тарҳи бомаърифати бартарафсозии низоъҳоро эҷод месозад, ҳодисаҳои 11- уми сентябри соли 2001 хатари ҷиддиро барои рушди минбаъдаи он эҷод карданд.

Ҳодисаҳои мазкур ба тафаккури амрикоиҳо ва манфиати миллии онҳ чунон зарба расонид, ки пас аз он мебоист онҳо сиёсати хориҷии худро таҳрезӣ намуда, мақсадҳоро дигаргун месохтанд. Лекин, ин воқеаибтидои ҷанге буд, ки дар он тарафҳо «номаълум» буданд. Воситаҳо гуногуни иттилоотӣ воқеаро ба оламиён ошкор сохта, ба қавли Хамбермас аҳолии дунёро шоҳиди ин воқеаи мудҳиш гардониданд.

Яке аз хусусиятҳои терроризми муосир он аст, ки макони мавҷудияти террористон маълум набуда, мубориза ба муқобили онҳо мушкилоти ҷиддӣ эҷод месозад. Терроризми муосир ба раванди инкишофи сиёсии муосир зид аст, зеро он омилҳои зиддиинсониро, ки пеш аз ҳама бо куштори инсон алоқаманд аст, ҷонибдорӣ намуда, амалан истифода мебарад. Терроризми замони модерн хусусияти ҷаҳониро доро мебошад. Чунин хосияти терроризм арзишҳои қабулгардидаи соҳаи ҳуқуқи гуманитарӣ, ки амалҳои муросо ва созишро дар ҳолатҳои ғайримуқаррари инкишофи сиёсӣ эътироф менамояд, барбод медиҳад. Дар амали террористӣ на афсари низомӣ, балки аҳолии муқаррарии кишвар, ки аз талаботу дархостҳои элитаи сиёсӣ ва муборизаҳои сиёсии он дур аст ҳадаф қарор мегирад. Терроризми муосир ҳадафи устувор надошта, баҳри таъмини ояндаи босуботи олам кӯшиш надорад. Терроризм чун дархости гурӯҳе ё табақае ба вуҷуд омада, ифодакунандаи манфиатҳои амалинагаштаи он мебошад. Терроризми муосир ғолибият надорад, зеро ҳамкории дастаҷамъонаи кишварҳо дар намуди иттиҳодияи зиддитеррористӣ метавонад онро маҳв созад. Лекин ин масъала то ҳол ҳалли худро наёфтааст. Барои чӣ имрӯз ба муқобили терроризм мубориза бурдан амри маҳол аст? Пеш аз ҳама барои муборизаи самаранок воситаҳои самаранокро истифода бурдан зарур аст. Кишварҳои мутамаддин ба мисли ИМА дар ҳалли ин масъала оҷиз мондаанд. Барои кишварҳои мазкур ғалаба намудан аз болои террориз шояд душворие надошта бошад, лекин онҳо ба эътидоли вазъи олам ҳавасманд набуда, номуътадилии вазъ ба ҳадафҳои онҳо мувофиқта шояд бошад. Лекин маҳв сохтани ҳаракатҳои террористӣ аз имкон дур аст. Зеро баъзан кишварҳои мутамаддин худ созмондиҳандаи гурӯҳҳои террористӣ ҳастанд.

Терроризм шакли оҷизонаи муносибати тоифае мебошад, қудрати оқилона ҳимоя сохтани манфиатҳои худро надорад ва барои расидан ба ҳадафҳои худ истифодаи воситаҳои ҷаҳолатомезро ягона роҳ шуморад. Шиору ормонҳои барҷастаи онҳо суханони хушку холие мебошанд, ки ифода меёбанд, аммо амалӣ намешаванд. Ба андешаи мо, терроризм ба монанди бемории табобатнашавандаи руҳие мебошад, ки бо ҳар гуна бо ҳар гуна баҳонаҳо оғоз меёбаду ҷомеаи ҷаҳониро дар изтироб нигоҳ медорад.

ИБРОҲИМ ХАЛИЛОВ