ҲХДТ – ҲИЗБИ ПЕШСАФУ РОҲНАМО

Кӯлоб:  

Дар доираи ҷадвали суҳбату вохӯриҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Зарбдор-2” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ оид ба самтҳои афзалиятноки ҳизбӣ маҷлис баргузор гардид.

Дар кори маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирузи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Зарбдор-2” Шомадова Заррина иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни мулоқот Фирузи Саидмӯъмин қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба як нерӯи тавонои сиёсӣ табдил ёфта, дар татбиқи амалҳои созанда ҳамчун ҳизби пешсафу роҳнамоӣ ҷомеа мебошад.

Мавсуф дар идома гуфт, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади роҳнамоии ҷомеа ҷиҳати муайян кардани вазифаҳои ҳар як шаҳрванд дар самти пойдории истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, рушди устувори иқтисодӣ, нигоҳдории ҳувияту асолати миллӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок корҳои тарғиботиву ташвиқотиро вусъат бахшидааст.

Инчунин таъкид шуд, ки аъзои ҳизбро зарур аст, дигаргуниҳои ҳаёти ҷамъиятиро дуруст дарк карда, дар ҳалли масъалаҳои муҳимми иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа иқдом намояд ва эътиқоду эътимоди мардумиро нисбат ба фаъолияти ҳизб бештар гардонанд.