МАВЗӮИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР ШЕЪРИ МУҲАММАД ҒОИБ

Кӯлоб: Андеша  

Муҳаммад Ғоиб аз симоҳои шинохтаи адабиёти муосири тоҷик аст. Хонандаи тоҷик бо эҷодиёти Муҳаммад Ғоиб бештар дар замони истиқлолият шинос шуд. Эҷодиёти шоирро ғолибан назм ташкил медиҳад.

Дуруст аст, агар чунин андешем, ки воқеан суханваре хушзавқ, қаламкаше асил чун устод Муҳаммад Ғойиб дар адабиёти имрӯзи тоҷик хеле ва хеле кам мондааст. Эҷодиёти ӯ дар ҳавзаи имрӯзаи шеъри форсӣ хоса аз ҷиҳати серпаҳлугии маъно ва дарбаргирии масъалаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, ифшои дардҳои замон ва сабақгирӣ аз воқеоти таърихӣ мавқеи ба худаш хосро соҳиб буда, бо тарзи нигориш ва услуби баён аз офаридаҳои шоирони дигари ҳамзамонаш тафовут дорад.

Маҳсули эҷоди Муҳаммад Ғоиб аз ҷиҳати мавзуъ ва доираи дарбаргирии воқеаҳо гуногун аст. Чунин мавзуъҳо, монанди тараннуми Ватан, истиқлолият, озодӣ, ваҳдати миллӣ, модар, инсон ва худшиносӣ, ишқу муҳаббат ва амсоли инҳо дар эҷодиёти ин шоири ҳаётҷӯ, поктинат ба таври табиӣ, нарму самимӣ, сода ифода меёбад.

Мавзуи Ватан яке аз мавзуъҳои марказии адабиёти муосири тоҷик ба ҳисоб меравад ва он дар эҷодиёти ҳар адиб ба таври худ ҷилва мекунад. Шоири тавоно ва адиби хушсухан- Муҳаммад Ғоиб, монанди адибони дигари ҳамзамони худ ба мавзуи ватану ватандӯстӣ таваҷҷуҳ намуда, байту ашъори зиёдашро маҳз ба ҳамин мавзуъ бахшидааст. Ашъори меҳании Муҳаммад Ғоиб дар маҷмӯаи шеъраш бо унвони “Ватандорӣ” гирд оварда шудааст, ки ҳар сатраш гувоҳи меҳру муҳаббати бепоён доштани суханвар нисбат ба Ватани азизаш мебошад.

Чунон ки дар боло таъкид шуд, мавзуи ватанпарварӣ аз мавзуоти марказии адабиёти навини тоҷик ба шумор рафта, васеъ доман густурдааст. Муҳаққиқи шинохтаи тоҷик Юсуф Акбаров дар бораи мафҳуми Ватан барҳақ зикр мекунад: “Ватан ифтихор, шаъну шараф ва обрӯю эътибори мост. Ватан азизтарин ва ноёбтарин неъмату мукнат (молу давлат), сарвати бебаҳост, ки онро ба ҳеҷ чиз наметавон иваз кард. Ватанро интихоб ё хариду фурӯш намекунанд ва чун волидайну бародару хоҳар ҳатман як бор ва барои ҷовидон дода мешавад. Ватан сарнавишту қисмати ҳар фард аст, ки аз ибтидо ба бошандагонаш ба мерос гузошта мешавад” [1, с. 8].

Адабпажӯҳ Соатов Ч. онро аз хусусиятҳои хоси миллии тоҷик мешуморад: “Муҳаббати бепоён ва дилбастагии тамом ба деҳу диёр, зодгоҳи худ, аз дилу ҷон дӯст доштани ҳар зарраи хоку ҳар санги диёр хусусияти хоси миллии тоҷик мебошад [3, с. 7].

Муҳаммад Ғоиб дар тӯли фаъолияти эҷодиаш ба масъалаҳои муҳими замон дахл карда, ба мушкилиҳои ҳаёт ҷавоб ҷуставу посух гуфта тавонистааст. Суханвари нуктабин дар бозтоби рухдодҳои замон, зуҳуроти сиёсии ҷомеа, бурду бохти ҳамватанон, кӯшишу талоши онҳо дар пешбурди зиндагӣ ва ғамхорӣ ба фардои кишвар чирасухан буда, дар ин росто усули вижаи хешро дорад.

Дунёи маънавии қаҳрамони лирикии Муҳаммад Ғоиб ғанӣ ва доираи назараш васеъ буда, дар худ беҳтарин сифатҳои ҳамзамононро таҷассум кардааст. Дар шеъри ӯ муҳаббати Ватан, тараннуми ғояҳои баланди инсонӣ бо дили саршор аз меҳри шоиронааш баён ёфтааст. Ҳар шеъри ӯ барандаи як пора нуру рӯшноист. Бо ҳама гароиш ва огоҳии хубе, ки Муҳаммад Ғоиб аз шеъри классикӣ дораду ғолибан шеъри суннатӣ менависад, як озодӣ ва тозаҷӯиро дар сартосари эҷодиёти ӯ, ба вижа ашъори ба мавзуи ватандӯстӣ бахшидааш метавон мушоҳида кард.

Силсилаи ашъори меҳании Муҳаммад Ғоиб саршори алоқа, дарду ғам, шӯру ҷазабаи фарогири беназири ватан ҳастанд, ба тасдиқи пуртаъсиру ҷазаба будани ишқи инсон нисбат ба меҳан далолат мекунанд:

Манам доротарин одам, ватан дорам, ватан дорам,

Ками худро нагӯям кам, ватан дорам, ватан дорам.

Агарчи кулбаам одист, вале дил маскани шодист,

Фараҳ хезад маро аз ғам, ватан дорам, ватан дорам.

Хасисон низ мебахшанд баҳри ҳифзи меҳан ҷон,

Ватан касро кунад ҳотам, ватан дорам, ватан дорам...

Манам доротарин одам, ватан дорам, ватан дорам,

Садоям бишнавад олам, ватан дорам, ватан дорам [2, с. 88].

Чунон ки дида мешавад, қариб дар ҳар сатри ашъори Муҳаммад Ғоиб садои ифтихор ва шодкомӣ аз Ватани зебову озоду ободаш – Тоҷикистони гулгулшукуфон, соҳибистиқлол ва ифтихору ғурур аз таъриху фарҳангу анъаноту муқаддасоту арзишҳои худию нобиғагони он ба гӯшу чашм мерасад.

Ҷаҳони андешаи шоири ватанпарвари тоҷик маърифат ва камолоти маънавии инсонро рангин сохта, аслан хидмат ба Ватан ва халқу миллатро дар бар мегирад. Ин мазмун дар ғазали маъруфу хушоҳанги шоир бо унвони “Ватандорӣ”, ки байни мардуми кишвар машҳур гаштаву аз ҷониби ҳунармандон саройида мешавад ва бешак, дар қалби ҳазорон ҷавонони Тоҷикистон эҳсосоти кишвардӯстӣ меафзояд, ҷолибу таъсирбахш садо додааст:

Ҳамон роҳе, ки поёнаш намебинам, ватандорист,

Ҳамон дарде, ки дармонаш намебинам, ватандорист.

Ба хуни ноф ҳар хоке шавад олуда, ҷон дорад,

Танеро бе ғами ҷонаш намебинам, ватандорист.

Танӯр аз оташу оби намакдораш ғизо гирад,

Нишони хӯрдани нонаш намебинам, ватандорист.

Ҳамон марде, ки аз тири аду дорад ҷароҳатҳо,

Вале чашмони гирёнаш намебинам, ватандорист.

Парешонгаштагонро то қиёмат нест осоиш,

Ҳамон ҷамъе парешонаш намебинам, ватандорист.

Агар фикри ватан дар сар набошад, сар чӣ кор ояд,

Диле холӣ зи армонаш намебинам, ватандорист.

Раҳи осоншавии мушкили худро ҳама ҷӯянд,

Ҳамон мушкил, ки осонаш намебинам, ватандорист.

Фидоиро Муҳаммад шиква аз бори гаронаш нест,

Зи умри худ пушаймонаш намебинам, ватандорист [2, с. 7].

Шеърҳои ин шоири ватандӯст метавонанд фарогири мавзуъҳои зиёде бошанд, чунончи дар шеъри “Дарди номус”, ки ба хотираи академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ саройида шудааст, шоир таърихи гарон, сарнавишти талху хунини меҳани моро баён кардааст. Муҳаммад Ғоиб дар сӣ байти ин шеъри бо дарду ҳасрат саройидааш таърихи талхи халқи тоҷик – сарзамини аз дастдодаи тоҷиконро, аз марзҳои Тоҷикистони тозабунёд дур мондани шаҳрҳои шукӯҳманди Самарқанду Бухороро, “табартақсим”-и беадолатонаи ҳокимони даврро бо андӯҳи зиёд иброз мекунад. Ин шеър марсияест дар рисои ҳуввияту шукӯҳи аздастрафта ва ёдкарди ҳасратомехта ва нигориши пурсӯзест ба гузаштаи мардуми тоҷик, балки аз ҷараёни дилу шуури хеш гузаронидани мудҳиштарин сафаҳоти таърихи ин мардум аст ба хотири шинохтану шиносонидани худ, ба қавли дигар, ба хотири бедор кардани ҳисси худшиносиву худогоҳии мардуми тоҷик. Он гузаштаи фарҳангии дурахшон акнун чун дашти хокистар дар ёдҳо мондааст:

Ҳиҷову ҳарфат оби дидаҳо буданду ҳар як ҷумла ҷӯйи ашк,

Баланд аз рашки ҷонсӯзи ватандорӣ набошад дар ду олам рашк.

Тамоми умр санги ғусса баҳри ҳифзи хоки кишварат хурдӣ,

Зи тири фикри мулки поргашта борҳо дар зиндагӣ мурдӣ.

Ту дар тақдимҳои ҳокимони даври худ тақсимҳо дидӣ,

Харобиҳои фардои диёратро дар ин тармимҳо дидӣ...

Зи тарси ҷон бигуфтанд офтоби бахт мардум инқилоби давр,

Бухоро – мулки меҳрат дашти хокистар шуд аз он офтоби давр...

Хуросони бузург – ин меҳани аҷдоди ман, хоки диёрам буд,

Қадамҷои қаламдорони шуҳратёру соҳибифтихорам буд.

Дигарҳо ёд бигрифтанд ҳарфу вожаро аз номаҳои ман,

Ҳамебурданд дар сармои қисмат баҳраҳо аз ҷомаҳои ман.

Вале акнун намехоҳанд дидан носипосон дар ватан моро,

Зи таърихи навини худ бурун карданд чун халқи куҳан моро...

Табартақсим корат кард, аз боғи ту пайдо чӯби дорат кард,

Ҷудо аз решаи сарсабзи ҳастӣ ҳар ниҳоли мевадорат кард [2, с. 66-68].

Шоири тавоно дар ин шеър фоҷиаи миллатро чӣ сон мушаххас, гиро, шево ва хотирнишин ба қалам овардааст. Чунин ашъорро донишманди эронӣ Алиасғари Шеърдӯст “ашъори эътироз” номида, шоири маъруфи Тоҷикистон Бозор Собирро барҷастатарин ва шинохтатарин намояндаи он мешуморад [4, с. 78].

Ин муҳаққиқ дар асари худ “Чашмандози шеъри имрӯзи тоҷик” шеъри адибони имрӯзи тоҷикро мавриди таҳқиқ ва таҳлил қарор дода, аз назари дарунмоя шеъри шоирони муосири тоҷикро ба навъҳо ҷудо намудааст ва махсус ба шеърҳои меҳанӣ ва мазомини сиёсӣ-иҷтимоидоштаи адибони машҳури тоҷик баҳои баланд додааст. Ӯ менависад: “Шеърҳое, ки сабғаи (рангу намоди) таърихиву миллӣ доранд ва дар онҳо аз гузаштаи мардуми тоҷик ва фарҳангу забони модарӣ ва пайванд бо Эрон сухан ба миён меояд. Дар бархе аз ин шеърҳо шоир бо мадади ҳофизаи таърихӣ ба ҷустуҷӯи ҳуввияти хеш бармехезад... Ёдкарди гузаштаи бошукӯҳи қавми тоҷик ва самтҳое, ки тоҷикон дар тӯли таърих бартофтаанд, хостгоҳи мавзуии шеърҳои бисёре аст. Дар миёни шоирони тоҷик касеро натавон ёфт, ки шеърҳое дар ин мавзуъ насуруда бошад” [4, с. 78].

Муҳаммад Ғоиб ҳамчун як зиёии замони худ ва шоири ватандӯст қарзи ватандӯстонаи хеш донистааст, ки эҳтиром ва муҳаббати бепоёни худро нисбати таърих, тамаддун ва фарзандони номдори гузашта, ки машъали илму маърифатро дар аъсори миёна баланд бардошта буданд ва имрӯз ҳам дар олами илму адаби ҷаҳон аз ҷумлаи маъруфонанд, боифтихор иброз дорад.

Муҳаммад Ғоиб дар баробари он ки бо номи Ялону Родмардони гузаштаи асотириву таърихии халқи худ ифтихор дорад, “Шоҳнома” барин шоҳасарро ҳимоятгари маънавии халқу миллати тоҷик медонад. Ин маъниро шоир дар шеъри худ “Ранҷи Фирдавсӣ” баён доштааст. Шоир тавонистааст он сифатҳои нотакрори фарзанди баруманди халқҳои форсизабон - Фирдавсии ватандӯсту меҳанпарварашро шоирона эҷод кунад. Аз байтҳои дар ин шеър омада метавон дарёфт, ки густурдагии дониши баёни ин суханвари ноёб, рӯй овардан ба «Шоҳнома»-и бемарг низ мебошад:

Шоҳи роҳат ҷовидонат дида зорӣ мекунад:

“То намонам бенишон бар олами ранҷам баред”.

Посбони ганҷ ҳам фурсатшуморӣ мекунад,

Монад ин ганҷина аз сар, дур аз ганҷам баред.

Паҳлавоне, к-аз миёни обу оташ мегузашт,

Чун замони паҳлавонӣ рафт, рафт ӯ аз миён.

Ҳар кӣ омад донае афканд дар ин паҳндашт,

Шуд насиби нек суду ҳосили бад шуд зиён...

Шоҳнома – сарнавишти талху ҷонсӯзи Аҷам,

Достони қаҳрамонӣ, қиссаи мардонагист.

Гиряҳои рӯзи шодӣ, хандаҳои рӯзи ғам,

Байтҳои ошноӣ, нолаи бегонагист [2, с. 14-16].

Вусъати назар ва тавоноии суханварии Муҳаммад Ғоибро аз шеъри “Тоҷик” набояд нодида гирифт. Зеро аз ҳусни матлаъ то ҳусни мақтаъ ҳар байту мисраъ, ки содда, равон ва мутантан эҷод гардидаанд, он қадар бори маънӣ ва мазомини эҳтиромонаро бар дӯши худ бардоштаанд, ки на ҳар як шеъри ҳаҷман калон таҳаммули чунин бореро дорад. Ин ҷо аз ин шеър порчаеро меорем:

Ман ҳамон гумгаштаи сад бор пайдогаштаам,

Қатра-қатра ҷамъ гашта, боз дарё гаштаам.

Ҷавшани ман дафтар асту ханҷари ман хома аст,

Ман намемирам, ба номам ҷовидонӣ нома аст [2, с. 12].

Рисолати суханвар дар он аст, ки ба ҳар як воқеаи рӯзгор назари дақиқ афканда, моҳияти онро санҷида ва ба раванди тақозои виҷдон ба ҷараёни ҳодисаҳо доварӣ кунад.

Шоир бо дарназардошти ҳолату вазъият гоҳ чунин мегӯяд:

Ифтихори сода моро мекушад,

Заҳри ширинбода моро мекушад.

Бар сари худ кулфат орад одамӣ,

Доми худбинҳода моро мекушад…

Модаре бар модаре гӯяд ба дард,

Ранҷи тифли зода моро мекушад.

Бар тавозуи аду бовар кунем,

Пешипоафтода моро мекушад.

Дар ҷаҳоне, ки мураккабпеша аст,

Ифтихори сода моро мекушад [2, с. 78].

Шеърҳои ватанпарваронаи Муҳаммад Ғоиб саропо аз тарҳи масъалаҳо ва дардҳои ҷомеаи муосир иборат аст ва ба ин васила миллати худро ба худшиносӣ, парҳез аз низоъу душмании дохилӣ, рӯй овардан ба ваҳдату якпорчагӣ, аз даст надодани ҳушёрӣ ва доимо дар роҳи дифои ватан ҳушманду қавиирода будан даъват мекунад, аз «заҳри ширинбода» ва “ҷаҳони мураккабпеша” ҳушдор медиҳад.

Шеърҳои ба мавзуи Ватан бахшидаи шоир бо мазмуни баланд ва оҳангнокию хушсадоияшон мақбулу писанди ҳунармандони шуҳратёри кишварамон гардида, аз ҷониби онҳо зиёд сароида шудаанд. Шеърҳои шоири ватансаро Муҳаммад Ғоиб дар баробари интишор ёфтанашон вирди забонҳо гардидаанд, зеро дар онҳо рӯҳияву ормони миллӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, созгор бо дилу эҳсоси мардум ба қалам омадаанд. Метавон дар ин қатор шеърҳои ӯ шеърҳо бо номҳои “Ватандорӣ”, “Ориёӣ”, “Даъват”, “Ҷаннати рӯйи замин”, “Ватани Наврӯз”, “Меҳри беохир”, “Хоки Ватан”, “Маскани шодӣ” ва ашъори дигари аз ҷониби ҳунармандон саройидашудаи ин шоири хушзавқи имрӯзи тоҷикро ном бурд.

Хулоса, мавзуи Ватан аз мавзуъҳои меҳварии эҷодиёти Муҳаммад Ғоиб аст, ки бо ҳама ҷузъиёташ дар ашъори ӯ таҷассум гардидааст. Мавзуи мазкур доманадор аст ва ба гуфторамон метавон идома бахшид, вале фурсати маҳдуд тавони идома додани суханро надорад ва умед аст ба ин мавзуъ дар оянда рӯ хоҳем овард.

Адабиёт:

1. Акбаров, Ю. Меҳри Ватан / Ю. Акбаров. –Душанбе: Маориф, 1989. -188 с.

2. Ғоиб, Муҳаммад. Ватандорӣ / Муҳаммад Ғоиб. – Душанбе: Маориф, 2016, 144 с.

3. Ҳакимзода, С. Куллиёт / Саидҷон Ҳакимзода. – Душанбе: Адиб, 2009, 928 с.

4. Шеърдӯст, Алиасғар. Чашмандози шеъри имрӯзи тоҷик / Алиасғари Шеърдӯст. – Душанбе: Адиб, 1997, 272 с.

Нодира Ашурова – доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ