РИСОЛАТИ МУҲИМИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "ТЕХНОЛОГ"

Кӯлоб:  

Бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", Стратегияи муқовимат ба экстемизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, қонуну барномаҳои соҳаи маориф ва эълон гардидани соли 2024 "Соли маърифатӣ ҳуқуқӣ" дар факултети иқтисодиёти рақамӣ ва зеҳни сунъӣ санаи 16.04.2024 вохӯри бо падару модарони донишҷӯён баргузор гардид.

Дар кори вохӯрии мазкур муовини ректор оид ба илм ва татбиқот н.и.т Исоев Собир, мудири шуъбаи кадрҳо ва коргузорӣ Шокиров Қодир, ҳуқуқшиноси донишкада Сайёдзода Ромин, декани факултет н.и.и Асоев Баҳодур, сардори раёсати тарбия Шарипов Р.М., мудири китобхона Идиев И., мудири бахши кор бо занон ва донишҷӯдухтарони донишкада Розиқова Элзара муовини декан оид ба таълим Ҳисайнов Н., муовини декан оид ба тарбия Мирзоева Фарида иштирок намуданд.

Кори вохӯриро декани факултет н.и.и Асоев Баҳодур оғоз бахшида мақсаду мароми вохӯриро шарҳ дода саломи самимӣ ва даъватҳои ректори донишкада д.и.т. профессор Шоҳиён Алмосшо Наботро ба ҳозирин расонида барои ташрифи самими ба падару модарон аз номи ректори донишкада ва садорати факултет изҳори сипас намуда оид ба мувафақияту дастовард, шароит ва таҳсил дар донишкада суханрони намуд.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои зерин: риояи ҳатмии тартиботи дохилии донишкада аз ҷониби донишҷӯён, одобу муошират, давомоти донишҷӯён дар машғулиятҳо, масъулият ва вазифаҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, истифодаи барзиёди телефонҳои мобилӣ, дуруст истифода нагардидани сомонаҳои иҷтимоии интернет, вазъи сиёсии ҷаҳон, баланд бардоштани тарбияи ватандӯстиву хештаншиносии фарзандон, сафарбарсозии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, назорати ҳарӯзаи фарзандон дар раванди таълим, пешгирии ҷавонон аз ташкилотҳои экстремистию террористӣ, муқовимат ба ҳолатҳои коррупсионӣ, ҷалби фарзандон ба китобхонӣ ва забономӯзӣ, иштироки донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, эҳтироми падару модар ва дигар масъалаҳои марбут ба тарбияи фарзанд мавриди бараси қарор дода шуд.

Баъд аз барасии масъалаҳо падару модарон ибрози андеша намуда доир гаштани чунин ҷаласаро мувофиқ ва саривақти ҳисобида даъват ба амал оварданд, ки чунин ҷаласаҳо доир гарданду аз таҳсил ва рафтори фарзандони хеш огаҳи ёбем. Ин пешниҳодҳо бо хушнуди ва якдилона қабул гардид.