БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МЕНЕҶЕРОН ВА МАРКЕТОЛОГОНИ ҶАВОН”

Кӯлоб: Созандагони ватан  

Дар Кумитаи ибтидоии ҳизбии "Олимон"-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар факултети иқтисод ва идора маҳфили навбатии “Менеҷерон ва маркетологони ҷавон”-и назди кафедраи менеҷмент ва маркетинг баргузор гардид. Дар маҳфил аъзои ҲХДТ Ғуломов Зикрулло – мудири кафедра, номзади илмҳои иқтисодӣ, Абдулов Дилшод – муаллими калони кафедра, ҳамзамон роҳбари маҳфил ва дигар омӯзгорону донишҷӯён аъзоёни ТҶҶ "Созандагони Ватан-1" иштирок доштанд. Сараввал мудири кафедра Ғуломов Зикрулло суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид. Сипас, Бобоев Давлаҳмад - донишҷӯи курси сеюми факултет дар мавзуи “Консепсияи менеҷменти стратегӣ ва инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” зери роҳбарии муаллими калони кафедра Абдулов Дилшод маърӯзаи худро баромад намуд.Дар охири маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи устодону донишҷӯён ба анҷом расид.