ҲИФЗИ ҶОМЕА АЗ ФИТНАИ ГУРУҲҲОИ ИФРОТӢ ВА ТЕРРОРИСТӢ

Кӯлоб: Вокуниш  

Ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ пур аз фитнаву дасиса ва бозиҳои сиёсӣ гардида, ин раванд дар пайи худ кишварҳои орому осоишаро низ бетаъсир нахоҳад гузошт. Ҳамарӯза тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ гурӯҳҳои тундраву зидди давлатӣ бархе аз ҷавонону сокинони гумроҳшударо бо ҳар роҳу восита бадоми худ шомил менамоянд. Ҷавонони гумроҳ бехабар аз ҳадафҳои нопокиин гурӯҳҳои ифротӣ, ҳаёти ширину умри қиммати хешро дар хатар мегузоранд.

Боиси таассуф ва нигаронии зиёд аст, ки рӯз то рӯз сафи чунин гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ аз ҳисоби ҷавонон зиёд гашта истодааст, ки барои ҷомеаи ҷаҳон ва тамоми кишварҳо хатарфизо мебошад. Аксаран шомилшавии ҷавонон тариқи сомонаҳои интернетию шабакаҳои иҷтимоӣсурат гирифта, ин зуҳуроти номатлуби аср домани худро паҳн намуда истодааст. Бисёре аз ҷавонони гумроҳгашта қурбони терроризму ифротгароӣ дар ин ё он минтақа гашта, падару модари хешро мотамзада намуда, номи миллати хешро дар арсаи байналмилалӣ доғдор месозанд. Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри бартараф намудани ин зуҳуроти номатлуби замони муосир ва дар ҳар як баромади хеш такрор ба такрор зикр менамоянд, ки мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

Барои мардуми шарифи Тоҷикистон, маҳз миллат метавонад соҳиби давлат, обрӯ ва эътибор дар арсаи байналмилалӣ бошад. Барои ташаббусҳои шоёнашон дар назди халқу Ватан ин фарзанди фарзонаи кишвар Пешвои миллати тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тавонистааст имрӯз тамоми тоҷикистониёнро дар атрофи хеш муттаҳид созад муқаддас мебошанд.

Воқеан ҳам на барои ҳама ин вазифаи пурсурур муяссар мегардад. Аммо бархе аз палидони ватанфурӯш ба он назари бадбинона доранд. Агар ҷавонони бо нангу номуси кишвар пеши роҳи ҳамин гуна ақидаҳои бади тафриқаандозонро тавассути ақидаи солими хеш пешгирӣ накунем, мебинем, ки ин гуна хоинон бо вокунишҳои муғризонаашон миёни мардуми тоҷик тафриқа меандозанд.

Чеҳраҳои манфури давлатҳои фитнаангез бо бозиҳои паси пардагӣ нисбат ба давлату миллати тоҷик дар замони давлатдории миллӣ баръало намоён гашт.

Бояд дар назар дошт, ки экстремизм ва ҷараёнҳои гуногуни он дар шакли амалкарди терроризм ва сепаратизм, ба монанди микроб ва вирусҳои сирояткунандаи бемориҳо дар тани ҷомеаи солим метавонанд реша давонда, паҳн гарданд.

Чунончи, дар тиб маълум аст, ҳама гуна микробу вирусҳо, пеш аз ҳама, ба он нуқоти узв таъсир мерасонанд, ки аз ҷиҳати физиологӣ заиф ва қобилияти масунияташон суст бошад.

Бо қаноатмандӣ ва итминони комил гуфта метавонем, ки мо сокинон ва ҷавонони саодатманди ин диёри ободу зебо ҳамеша дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқ буда, онро якдилона пайравӣ менамоем. Баҳри ҳифзи марзу бумаш ва барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Тоҷикистони азизи соҳибистиқлол камари ҳиммат мебандем.

Шарифхон Тиллоев