ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша-чорабиниҳои шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  бахшида ба Рӯзи модар конференсияи ҳизбӣ таҳти унвони “Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад” баргузор карда шуд.

Дар конференсияи мазкур Саймуминзода Фирӯз муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, Валиева Саъбагул собиқадори ҳизбу меҳнат, Саймуминзода Марям  мудири САҲШ-и шаҳри Кӯлоб, Ашурова Нодира доктори илмҳои филологии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, Одинаева Ситора сармуҳаррири нашрияи “Кулябская правда”, иштирокчии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст!” омӯзгори муасисисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45 Эмомова Нигина, сармуҳаррири радиои Кӯлоб Гулҷаҳони Табар, ва ғолиби озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст!” Сайвализода Малика  иштирок  намуданд.

Нахуст, Саймуминзода Фирӯз ба сухан баромада, қайд намуд, ки аз солҳои аввали Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати иҷтимоии занону бонувон ва масъалаи беҳбудии шароити кору зиндагии занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Дар воқеъ, Асосгузори сулҳу ваҳдати – миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои фаъолияти кориаш мавқеи занро дар ҷомеа баланд бардошта, нисбати ин қишри ҷомеа аҳамияти авалиндараҷа зоҳир намуд ва дар ҳама зинаҳои давлатдорӣ занон фаъолона дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият доранд.

Сипас, иштирокчиёни Конференсия дар мавзуъҳои “Нақши занону бонувон дар таҳкими давлатдории милли назаррас аст”, “Занон аз қишри фаъоли ҷомеа ба ҳисоб мераванд”, “Ҳарчи зебои ба даҳр аст, зи дастони зан аст” суханронӣ намуданд.

Дар охир ба як қатор занону бонувони фаъолу рӯзгордида, собиқадори ҳизбу меҳнат, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.

 

ШУЪБАИ ТАБЛИҒОТ, ИТТИЛООТ ВА МАТБУОТИ КИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ