Терроризм: намудҳо, хатарҳо ва таҳдидҳои он

Кӯлоб: Вокуниш  

Терроризм: намудҳо, хатарҳо ва таҳдидҳои он

Дар ҷомеа падидаву равандҳо ва ҷараёнҳои сершумор мавҷуданд. Зуҳури ҳар яки онҳо ҳатман фикру мулоҳиза, таҳлилу тавсиф ва назариёти гуногунро ба бор меорад. Гарчанде баъзеи онҳо муддатҳои зиёд аст, ки дар илмҳои гуногун омӯхта мешаванд, аммо таҳлили ҳамаҷонибаро соҳиб нагаштаанд. Терроризм дар радифи он падидаҳоест, ки ҳанӯз саҳми ягонаро доро нест.

Терроризм аз забони лотинӣ (terror – даҳшат, ҳарос) гирифта шуда, ба маънои муосираш дар охирҳои асри XVIII ҳангоми Инқилоби Бузурги Фаронса истифода шудааст. Он як навъ сиёсат, идеология ё амали иборат аз таҳдид, фишороварӣ, зурӣ нисбати шахсони алоҳида, гуруҳи одамон, ҷомеа, ҳокимият, институтҳои ҳокимиятӣ, давлат ва низоми идоракунии он буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иделогӣ, геополитикӣ ва имкониятҳои гуногун таҳрезӣ шуда равона гардидааст. Ҳоло зиёда аз 200 навъи маънидоднамоии терроризм мавҷуд аст, ки ҳеҷ як аз он умуми эътирофшуда нест. Дарки падида бошад, аз тавсифи мафҳумии он осон нест. Зеро бо вуҷуди характери бисёрсоҳа доштанаш, боз омили бавуҷудоӣ дар дохили як давлат ва мавқеъ гирифтан дар он, инчунин дар миқёси байналхалқӣ зуҳур карданаш як қатор мушкилиҳоро дар равшаннамоӣ ва дарки худ ба миён овардааст.

Терроризм яке аз шаклҳои манфуртарини экстремизми сиёсист. Мафҳуми экстремизм бошад, аз забони франсузӣ (extremism) ва аз лотинӣ (extremus) гирифта шуда, маънои канораро дорад. Экстремизм дар пояи пайравӣ ё эътиқод ба ҳиссиёт, амал, стратегия ё муносибат ба чизеву касе сар зада, ҳолату вазъияти махсуси зоҳиршавиро дорад. Амалиёти экстремистӣ аз доираи эътирофи умум дур буда, имконияти созиш, гуфтушунид ва ризоият бо субъектони он душвор ё имконнопазир аст. Фаъолияти экстремистӣ аслан тавассути таблиғоту ташвиқот (осоишта) ва тавассути ҷанг ё низои мусаллаҳона сурат мегирад. Терроризм як навъи мусаллаҳона ва муташаккилонаи экстремизми сиёсист.

Террорист- субъект, терроризм – сиёсат ва террор –воситаи ба амалбарории ин сиёсат аз ҷониби субъект аст. Аммо бо вуҷуди ин наметавон ҳадафу мақсад ва воситаеро, ки терроризм онро дар фаъоляти худ истифода мекунад, мутлақо аз террор ва даҳшатфиканӣ иборат донист. Зеро тамоми навъи амалиёти мусаллаҳона ва барқасдона хоҳу нохоҳ ҷониби муқобилро гирифтори тарс ва даҳшат месозад. Бинобар ин, даҳшатафкани мақсади асосии терорризм набуда, ҳадафи муайян ва ё як навъ ниқоргирие фаъолияти онро ташкил медиҳад. Шояд «Ал-Қоида» бо ба амал баровардани ҳодисаи 11- сентябр касеро тарсонидан намехост. Зеро моҳияти тарсонидан касе ё чизеро аз раъяш гардонидан ва монеъ шуданро дорад. Аммо ин ҳодиса Амрикоро рӯҳшикаста нанамуд, баръакс, мубориза ва таъсиррасониашро ба муқобили терроризм тезонид ва шояд «Ал-Қоида» дар асоси ҳадафу ба дастории манфиате ин амалро содир накарда буд, ки гӯё фаъолияти ӯ баёнгари пуштибонӣ аз ислом бошад. Чунки баъди ин ҳодиса давлатҳое, ки аксарияти аҳолии онҳоро мусулмонон ташкил менамуданд, бахусус давлатҳои мусулмонӣ гирифтори амашиёти харобиовари зиддитеррористӣ ва сиёсати геополитикии давлатҳои қудратманд, аз ҷумла ИМА гардида, ҳолати ноороми низоми сиёсии дохилидавлатиро соҳиб гардиданд. Пас хулосаи охирини ин амалиётро на тарсонидан, балки як навъ ниқоргирӣ метавон номид.

Тарс дар бештари ҳолатҳо хоси нотавонон ё зердастон буда, истифодаи террор чун воситаи баамалбарории сиёсат, бештар аз ҷониби барандагони сиёсат (синфи ҳукмрон) аст. Террор дар нисбати халқ маҳз аз ҷониби онҳо сурат мегирад. Терроризм бошад як навъ эътирозест алайҳи террор.

Террор ва терроризмро (ба он нигоҳ накарда, ки дар баъзе ҳолатҳо аломатҳои монандиеро ба худ мегиранд) метавон чунин шарҳ дод:

– террор ин таҳдид аз тарафи ҳокимият (ҳокимияти бо режими тотолитарии идоракунӣ асос ёфта) ё зулми қудратмандон нисбати нотавонон (беқудратон) аст;

– терроризм бошад, акси террор зӯроварии ҷониби нотавон нисбати ҷониби пурқувват мебошад. Бинобар ин, дар як маврид ин ду падидаро метавон муқобили ҳам номид.

Террорро беш аз ҳама дар навъи муносибатҳои зер, ки гузашта ва замони имрӯзаро дар бар мегиранд, метавон нишон дод:

истилокориҳои шоҳон;

ҳокимон (мансабдорон) ва субъектҳои дохилӣ (халқ);

Терроризм фаъолиятест, ки баҳри дигаргунсозии сохти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, вайронсозии идеологияи давлатӣ, тағйирдиҳии идоракунии давлатӣ ва режими давлатӣ, вайронсозии ягонагии ҳудудӣ бо методҳои ҷиноӣ ва террор мебошад.

Якчанд шаклҳои терроризмро фарқ мекунанд, ки асоситарини онҳо навъҳои зер мебошанд:

Терроризми сиёсӣ – ин навъи терроризм бо истифода аз таҳдид ҷомеаро ба ҳолати моҷарогароӣ оварда мерасонад, ки дар натиҷа ҷудоӣ ва бесарусомонӣ хоси он ҷомеа мегардад. Ба сифати субъекти терроризми сиёсӣ чун қоида ҳизбҳои сиёсии радикалӣ, гуруҳҳои алоҳидаи дохили ҳизб ё иттиҳодҳои ҷамъиятӣ, ташкилоти экстремистӣ баромад мекунанд.

Терроризми миллатгароӣ – ин навъи терроризм бо таҳаммулнопазирии миллӣ асос ёфта, дар фаъолияти он маҳдудсозии фаъолияти намояндагони ин ё он халқ бо истифода аз террор асос ёфтааст. Терроризми миллатгароӣ бо сепаратизм алоқамандӣ дорад, ки он ҳамчунин баҳри иҷрои амалҳои дигар, тағйирот дар сохти давлати мавҷуда, вайронсозии ягонагии ҳудудӣ, ташкили давлати соҳибистиқлол анҷом дода мешавад. Ба мисоли чунин навъи терроризм Армияи Ҷумҳуриявии Ирландия (Ирландияи шимолӣ), Ҳизби коргарии Курдистон (Туркия), Фронти озодихоҳи Квебака (Канада), Паланги озодихоҳи Тамил Илама (Шри-Ланка)-ро номбар намудан мумкин аст.

Терроризми динӣ – он ба муқобил сиёсати глобалии давлатҳои абарқудрат, ки кулли давлатҳои ҷаҳонро дар як «хонаи бузург» муттаҳид кардан мехоҳанд, ки ин иқдом оқибат ба дини онҳо рахна ворид месозад, равона гардидааст. Баъзе аз ин навъи ташкилот бахусус Ҳизболлоҳ, Ал-қоида мақсади бунёди хилофати мусулмониро доранд.

Терроризми ҷиноӣ – он бо куштор, низоъ андохтан байни гуруҳҳои гуногуни ҷомеа, таъсир расонидан ба фаъолияти намояндагони ҳокимият асос ёфтааст.

Терроризми технологӣ, ки таҳдиди аз ҳама бештар дорад. Он бо истифода аз яроқи ядроӣ, кимиёвӣ, бактериологӣ ва воситаҳои радиоактивӣ, инчунин муҳосираи объектҳо, яроқҳо, маводҳои ядроӣ мақсадҳои хешро амалӣ мегардонад.

Терроризми кибернетикӣ – он нисбати ҳамаи навъҳои терроризм таҳдиди бештар дорад. Асоси фаъолияти он роҳ ёфтан ба васоити ахбордиҳӣ, аз ҷумла Интернет ва пахш кардани маълумотҳои бардурӯғ, инчунин тағйир додани далелҳо мебошад. Ба монанди ин навъи фаъолияти террористӣ, террористон боз як методи дигареро пайдо кардаанд, ки ин ба оби мавриди истифодабарии умум қарордошта ҳамроҳ сохтани моддаҳои заҳролуд ба шумор меравад. Он хатари бештареро болои аҳолӣ меорад.

Мақсадҳои терроризмро ба ду навъ ҷудо мекунанд:

Дохилӣ – ба вуҷуд овардани бетартибиҳо дар минтақаҳои гуногуни як давлат, ҳизбҳоро ба ҳам ангехтан, паст намудани эътибори ҳокимият ва боварии мардум нисбат ба он;

Берунӣ – суст намудани робитаҳои байналхалқӣ, байнидавлатӣ, ба вуҷуд овардани моҷроҳо байни минтақаҳо, фишор ба шаҳрвандони давлатҳои дигар.

Фаъолияти созмонҳои террористи ва дигар ифротгароён дар миқиёси глобалӣ хислати фаромарзи гирифта, ҳудуди қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро дар бар мегирад. Чи тавре, ки ҷараёни таърихи нишон медиҳад ғояҳо ва идеологияи ифротгароӣ ва терроризм ҳамчун ҳодисаи сиёсӣ дар ду маврид ба миён меояд. Мавриди аввал вақте,ки дар ҷомеа адолат вуҷуд дорад ба қисми муайяни ҷомеа дар назди худ мақсад мегузоранд, ки бар зидди беадолатӣ мубориза баранд ва дар мавриди дуюм барои ҳокимият мубориза мебаранд.

Дар марҳилаи ҳозир душманони миллат нишон медиҳанд, ки ҳадафи онҳо ба ҷузъ барангехтани хисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат тафриқа андозӣ миёнӣ афроди миллат нест, вагарна бо чи сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии Ватан канораҷӯи мекунанду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рӯшди кишвари худ ширкат намеварзанд, меҳнат ва эҷод намекунанд дар паноҳи дигарон ҷой гирифта аз каноре айбҷӯиву харобакориро пеша карданд.

Иброҳим Халилов