ИДОМАИ БУНЁДКОРИҲО ДАР КӮЛОБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” ва ҳамчунин “Соли рушди саноат"  эълон гардидани соли 2022 аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома доранд.

Дар ин замина, роҳи пиёдагарди кӯчаи И. Сомонии шаҳр сафолакпӯш гардида истодааст, ки барои рафтуомади бемамонияти сокинону меҳмонони шаҳр мусоидат менамояд.