ТАҶДИДИ РОҲҲО БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!”  ва ҳамчунин “Соли рушди саноат ва роҳҳои обод”  эълон гардидани соли 2022 аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб  корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома доранд. Сафолакпӯш намудани роҳи пиёдагарди кӯчаи И.Сомонии шаҳр шаҳодати гуфтаҳои болост.

 Бояд гуфт, ки роҳи пиёдагарди болозикр аз сари нав таъмиру таҷдид гардида истодааст, ки барои рафтуомади бемамонияти сокинону меҳмонони шаҳр мусоидат менамояд.

Мавриди зикри хос аст, ки ҷиҳати тақвият бахшидани корҳо дар самти бунёду таъмири роҳҳо дар шаҳру деҳоти Кӯлоб то имрӯз корҳои назаррас бахшида ба 35-солгаии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисон бо сифати баланд  ба анҷом расида истодаанд.