БАХШИДА БА РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ  ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ЧОРБОҒ” ВОХУРИИ СУДМАНД ГУЗАРОНИДА ШУД.

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини таъсис ёфтанаш ҳамчун ҳизби халқӣ баҳри осудагӣ ва некуаҳволии миллат талош варзида, дар ин росто заминаи боэътимод гузошт. Ба ҳайси раис интихоб гардидани Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон роҳ ва равиши ҳизбро тағйир дод. Амалӣ намудани ормонҳои миллӣ, таъмини сулҳу салоҳ дар давлат ва баланд бардоштани иқтисодиёти миллӣ яке аз вазифаҳои аввалини ҳизб ба шумор меравад.  Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизбе, ки ҳақиқату адолатро маҳаки фаъолияташ қарор додааст, талош мекунад, ки дар зиндагии тоҷикистониён зимни ислоҳоти пайгиронаи низоми ҳифзи иҷтимоӣ боз ҳам беҳтару осудатар гардонида шавад. Имсол аз таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 29-сол сипарӣ  мегардад.   Бахшида ба ин санаи таърихӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Чорбоғ” бо иштироки  мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ  дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ вохурӣ доир гардид.