БАРГУЗОРИИ КОНФРОНС ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «ХАТИ РОҲ» БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Конститутсия қонуни асосии давлат, унсури марказии низоми ҳуқуқии кишвар, заминаи эҷод ва такмили минбаъдаи қонунгузорӣ, ҳуҷҷати созиши иҷтимоӣ, муайянсозандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлат мебошад.

Аз ин хотир дар доираи нақшаи чорабиноҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  дар ташкилоти ибтидои ҳизбии “Хати роҳ”-и конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Бахтномаи миллат” баргузор гардид. Дар конфронс Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хати роҳ” ва дигар шахсони расми иштирок ва суханронӣ намуданд намуданд.

Дар охир миёни иштирокдорон ва баромадкунандагон доир ба мавзуъҳои зикргардида саволу ҷавоб сурат гирифт. Дар қисмати муҳокима Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хати роҳ” суханронӣ намуда, қайд карданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир эълон гардиданд.

Маҳз ҳамаи ин бо шарофати ба даст овардани Истиқлоли комил ва қабули Конститутсияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал омадааст.