ВОХӮРӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ТЕХНОЛОГ”

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар  доираи нақшаи чорабиниҳои  КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Технолог» бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар ин маҷлис мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Зулфов Муҳаммадҷон  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Шоҳиён Алмосшоҳ  ва дигар шахсони расмӣ  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Технолог” ба сухан баромада, қайд кард, ки имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Зеро имрӯз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин нерӯи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Инчунин дар мавзӯҳои  'Ҷалби ҷавонон ба хизмати харбӣ", " Пешгири аз шомилшавии ҷавонону наврасон ба гурӯҳҳои терористӣ ва экстемистӣ" ва дигар масъалаҳои мубрам суҳбат намуданд.

Дар охир аз ҷониби иштирокчиён суолҳо пешниҳод карда шуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Шуъбаи таблиғот, иттилоот

ва матбуоти КИ ҲХДТ

дар шаҳри Кӯлоб