КӮМАКҲОИ МОДДИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА КОРМАНДОНИ СОҲАИ КОММУНАЛӢ ДАСТРАС КАРДА ШУД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар арафаи 26-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ ва иди Қурбон кӯмакҳои моддии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони соҳаи комуналии шаҳри Кӯлоб дастрас карда шуд.

Ин иқдомҳои пешгирфтаи Пешвои миллат бо ташаббуси раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр роҳандозӣ гардид. Зимни дастрасии кумакҳои яквақтаина намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Кӯлоб бо кормандони соҳаи комуналии шаҳри Кӯлоб суҳбат намуда, иброз намуданд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як корманде ки дар соҳаи комуналӣ кору фаъолият намуда истодаанд ва дар тозаву обод намудани шаҳр саҳми муносиб гузошта истодаанд маводи хӯрокаи яквақта ҷудо гардидааст.

Кормандон аз дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ҳамчунин роҳбарияти шаҳри Кӯлоб изҳори қаноатмандӣ карда, иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат ҳамеша мардумро дастгирӣ менамояд, ки ин боиси рӯҳбаландии ҳар яки мо кормандони соҳаи комуналӣ мегардад.

Бахши матбуотии Миҳд-и шаҳри Кӯлоб