АЁДАТИ ДУГОНИКҲОИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ваҳдати миллӣ омили асосии пешрафти ҷомеаи имрӯза, рушди иқтисод ва иҷтимоиёту фарҳанги мардум маҳсуб меёбад. Ваҳдати миллӣ дар баробари истиқлолият арзиши муқаддасу бебаҳои ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва пешрафти ҳамаҷонибаи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлол ва давлатдории миллиро бевосита ба ваҳдату ягонагии халқи Тоҷикистон ва сулҳу субот вобаста мебошад.

Соли 2023 аз нигоҳи воқеаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ вазъи сиёсии ҷаҳон хеле мураккаб гашта бархурди тамадунҳо, бархурди давлатҳои абарқудрат ваъзи сиёсии давлатҳои хурдро ба бе таъсир намегузорад. Инчунин, дар қатори дигар давлатҳо Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ бе тараф гузошта наметавонад. Чун мо дар арафаи 26 солгарди ваҳдати миллӣ қарор дорем, кишвари мо ба як қатор дастовардҳои бузург ноил гашт, ки онҳо бешубҳа натиҷаи сарҷамъӣ ва ваҳдати ягонагӣ ва сулҳу субот маҳсуб мегарданд.

Дар баробари тамоми дастовардҳо дар соли сипаришуда аз 30-умин солгарди ҷаласаи 16-уми Шўрои Олии ҶТ дар саросари мамлакат бо як шукуҳу шаҳомати баланд ҷашн гирифта шуд, ки ҳадафи он нишон додани дўстӣ, рафоқат ва сулҳу оромиш дар ҷумҳурӣ буд. Воқеан дар замоне, ки ҳаёту мамот ва тақдиру сарнавишти Ватани азизамон ҳал мегашт, аз файзу баракати ҳамин ҷаласаи тақдирсоз ва Ваҳдати миллӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кўмаку дастгирии тамоми қишрҳои ҷомеа, созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои дўст тавонист халқи парешонгаштаро бо ҳам якпорча созад. Миллати ба номусомада тамоми нерўи худро сарф намуд то ин порча хоки меҳан, ки аз гузаштагон ба дасти ў ҳамчун амонат вогузор шудааст, ба мисли гавҳараки чашм нигаҳ дошта шавад.

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки стратегияи ваҳдати миллӣ ба равандҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва идеологӣ дар ҷомеа самти созанда ва устувор бахшида, дар такмил ва рушди арзишҳои демократӣ, татбиқ ва пешбурди принсипи ҳамкорӣ бо тамоми ҳаракатҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ, бахусус бо иттиҳодияҳои динӣ омили муҳим гардидааст.

Дар арафаи 26-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ ва фарорасии иди Қурбон раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр ба аёдати дугоникҳои имконияташон маҳдуд Ҳасан ва Ҳусейн рафтанд.